ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ-ХОНАИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ!

Ҳарчанд маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз ба хориҷи кишвар фирор намуданашон созмони нави террористиеро бо номи Паймони зиддимиллӣ ташкил карданд, ки мақсаду маромаш ҳамон барномаи хоинонаи наҳзатӣ мебошад.

М. Кабирӣ раиси ТТЭ ҲНИ, яке аз террористони манфур  ба хотири  гумроҳ намудани ҷомеа, фиреб додани мардум, пӯшонидани ҷиноятҳои содирнамудааш ин ташкилоти террористиро таъсис додааст, ки ин ҳам як роҳи нави хиёнаткории наҳзатиён мебошад.

Имрӯз барои ҳамаи мардум маълум аст, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Паймони зиддимиллӣ аз ҷониби кӣ сармоягузорӣ мешаваду ба хотири чӣ  таъсис дода шудааст. Ҳамчунин ҷомеа хуб огоҳ аст, ки барномаи Паймони зиддимиллии наҳзатиён ҳам барои душмани варзидан бар кишвари мо навишта шудаасту наҳзатиён барои анҷом додани нақшаҳои хиёнаткорона бар алайҳи миллати тоҷик аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи хоинони наҳзатиро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем.