ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ПАРОКАНДА БОД ИТТИҲОДИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ!

Имрӯзҳо иддае аз душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар сарҷамъ шуда, бо наҳзатиён ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ аҳд бастаанду зери чатри хоҷагони хориҷии онҳо гузаштаанд, то бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранду миллатро сарсону гумроҳ намоянд. Ҳоло наҳзатиёни манфур бо сардории террористи хатарноки ҷаҳон М.Кабирии палид чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, то барои гумроҳ намудани миллат матлабу гузоришҳои бардурӯғ ва ифротиро ба нашр расонанд.

Бовари  кас намеояд, ки инсони солим бар ивази пул ва мол бар ватани худ хиёнат намояд? Аммо наҳзатиёни палид имрӯзҳо аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешаванду талош мекунанд, то супориши хоҷагонашро иҷро кунанд, ки бар хилофи ҳама амали инсонӣ мебошад.

Имрӯз наҳзатиёни бадкеш ва террорист зархарид гардидаанду ба душманони миллати тоҷик хизмат мекунанду бар алайҳи миллат меҷанганд ва бар ин обу хок, ки дар он ба воя расидаанд, носипосӣ менамоянд, ки нобахшиданист.

Мо, устодони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷикро маҳкум намуда, бар наҳзатиёни палид ва касиф лаънат мехонем!