ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ДУШМАНОН ҲАРЗА МЕГӮЯНД

Чандест, ки наҳзатиёни бадкеш ва ҳаромзодаву харшиа, дар хориҷ аз кишвар бо сӯистифода аз вазъи мушкили ба сари миллат омада, яъне зуҳури коронавирус имрӯзҳо дар хориҷ аз кишвар мехоҳанд, миллатро ба гумроҳӣ баранд. Онҳо ҳоло чандин сомонаҳои ифротиро таъсис дода кӯшиш кардаистодаанд, то миллату давлатро  бадном созанд ва ҷамъиятро мисли солҳои 90-уми асри гузашта фиреб диҳанду хор созанд.

Ҳоло наҳзатиёни чапаргӯш ва ҳаромзодаву харшиа ба хотири бадном сохтани миллати  тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳар хел овозаву суханони ноҷоро паҳн намуда, кӯшиш мекунанд,  то бамақсадҳои нопоки худ бирасанд.

Маълум аст, ки наҳзатиёни малъун зархарид ҳастанд ва бо фармони хоҷагони хориҷияшон амал мекунанд ва ҳамеша дар фикри хиёнат бар миллат ҳастанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур меояд, ки бо эҳтиёт бошад ва зиракии сиёсияшро аз даст надиҳад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши миллат ва душманони разил маҳкум намуда, ба ҳамаи ин палидон лаънат мегӯем.