ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ДУРӮҒБОФИҲОИ НАҲЗАТИЁН АЗ БАРОИ ЧИСТ?

Чандест, ки дар расонаҳои таъсиснамудаи худ наҳзатиёни фирорӣ ва дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷ ва минҷумла дар Аврупо паноҳ бурдаанд, бисёр ҳам матлабҳои бардурӯғ ва нодурусту носаҳеҳ ба чоп мерасонанд, ки дар бештари маврид дурӯғу иғвобарангез будани онро мо ба таври комил эҳсос менамоем.

Ҳарчанд наҳзатиёни палид кӯшиш мекунанд, ки худро ҳомии ватану миллат нишон диҳанд, аммо воқеаҳои солҳои 92 ва амалиётҳои террористии ин тоифа дар соли 2015 моро ҳушдор медиҳад, ки ин наҳзатиёни бадсириштро ба таври амиқ шиносем.

Зеро ин наҳзатиёни малъун бо супориши хоҷагони хориҷияшон як маротиба кишварро ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил доданд ва маротибаи дигар соли 2015 низ ҳамин талош намуданд, ки хушбахтона номуваффақ шуданд.

Аз ин рӯ, мо устодони кафедра ин амали душманони миллатро маҳкум намуда, онҳоро ҳамчун хоин мешиносем.