ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: СОМОНАҲОИ ТАРҒИБГАРИ ТЕРРОРИСТОН БАСТА ШУДАНД

Бино ба иттилои сомонаи АМИТ “Ховар” бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаҳои ахбор.ком ва наҳзат.ру , ки бештар ба тарғиби ғояҳои ифротӣ-террористӣ машғул буданду дар хизмати ташкилотҳои террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “Паймони миллии Тоҷикистон” қарор доштанд, дар қаламравӣ кишвар баста шуданд.

Тибқи маълумотҳои ба даст омада, ин ду сомонаи дар домени ҷугрофии бегона фаъолият баранда бештар ба тарғиби ғояҳои ифротии террористони наҳзатӣ машғул буда, барои гумроҳ намудани ҷомеа талош кардаанд ва ҳар қадаре, ки  тавонистаанд матлабҳои бардурӯғро нашр намуданд, то ҳақиқати наҳзатиёнро, ҷинояти ин тоифаи бадкеши наҳзатиро пинҳон кунанд ва дар зери ниқоб амал намоянд.

Ин ду сомонаи баста шуда, ки аз ҷониби созмонҳои террористӣ маблағгузорӣ мешавад ва фаъолияти ин сомонаҳо дар кишвар воқеан ҳам барои насли ҷавон хатарнок аст ва баста шудани ин сомонаҳо аз ҷониби Суди Олии ҷумҳурӣ хеле амри саривақтӣ ва иқдоми мардумсолорона аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши миллатро маҳкум намуда, ба ин тарғибгарони террористони наҳзатӣ, ки ин ду сомонаро ташкил кардаанд ва ба  тоифаи бадкеши наҳзатӣ лаънат мехонем.