ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: МАРДУМ БОЯД ХУДРО ЭҲТИЁТ КУНАНД!

Имрӯзҳо тавре, ки медонем, хушбахтона сироятёбӣ ба бемории коронавируси нави КОВИД-19 хеле камтар гардидааст ва дар ҳар ҳолат бояд сокинон худро эҳтиёт кунанду фосиларо нигоҳ доранд. Ниқобҳоро ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки ин як роҳи ҳифз дар мадди аввал мебошад.

Ҳоло дар бисёр кишварҳо хатари дубора сар задани коронавирус вуҷуд дорад ва ҷомеа бояд худро аз ин чиз эҳтиёт кунад. Чунки ин маризӣ бисёр ҳам паҳновар гардидаасту ба тамоми кишварҳои олам мавҷуд аст ва сокинонро зарур аст, ки худро аз ин маризӣ эмин нигоҳ доранд.

Ҳар як амали пешгирикунанда барои саломатии худу дигарон як қадами нек дар роҳи мубориза бо ин пандемия коронавирус мебошад.

Мо, устодони кафедра ҳама амали пешгирикунанда аз ин ваборо таҳсин хонда, ба шаҳрвандони кишвар гуфтани ҳастем, ки саломатии худ ва дигаронро ҳифз намоед!