ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ!

Имрӯзҳо дар саросари олам падидаи бисёр ҳам манфиии ифротгароӣ зуҳур намудааст, ки бисёр оқибатҳои бад ба дунбол дорад. Яке аз чунин амалҳои ношоиста ин ҷалби ҷавонон аз ҷониби чунин гурӯҳҳои ифротгаро мебошад,  ки мақсаду маромашон ҳам ба таври куллӣ несту нобуд сохтани шакли ҳаёти солимӣ ҷомеаи башарӣ мебошад.

Зеро аз раванди шаклгирӣ ва пайдоиши чунин гурӯҳҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ҳақиқат ин гурӯҳҳо на танҳо мақсади солим, балки нақшаи дурусту саҳеҳ ҳам надоранд ва ифротгароӣ ягона мароми аслияшон мебошад, ки ин раванд, албатта дар ҷомеаи пешрафта қабул нест.

Ҳоло ифротгароён ба чандин равияву гурӯҳҳо тақсим мешаванд, ки аз ҳама хатаровараш ин гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротии мазҳабӣ мебошанд,  ки оқибати роҳи он бар терроризму инсонбадбинӣ бурда мерасонад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ношоиставу ғайрииинсонии гурӯҳҳои ифротгароро маҳкум намуда, ба ҳамаи ифротгароёни инсонбадбин лаънат мехонем!