ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

Ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро терроризм ва экстремизм ба кулли фаро гирифтааст, ки ин бисёр ҳам як хатари бузург бар насли башар мебошад. Ҳамчунин терроризм барои шаклгирии инсони рӯҳан солим ва ҷамъияти фикрану ҷисман қавӣ зарар мерасонад. Зеро терроризм ва мақсадҳои гурӯҳу созмонҳои террористӣ ин инсонбадбинӣ ва тарбия ёфтани насли нав дар рӯҳияи тарсу ҳарос ва даҳшатафканӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз пайдо шудани гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ, ки баромади ин гуна созмону гурӯҳҳоро ба ҳар гуна омилҳо нисбат медиҳанд, дар ҳар ҳолате набошад, бояд маҳв карда шавад ва ҷамъияти солим бояд дар ҷомеа вуҷуд дошта бошад. Ҳоло созмонҳои террористӣ дар ҷаҳон фақат даст ба харобкорӣ ва куштори бераҳмонаи одамон задаанд, ки ин доғ бар насли имрӯз мебошад.

Мо, устодони кафедра ҳама гуна рафтор ва амали созмонҳои террористиро маҳкум намуда, бар ҷаҳониён нест бод терроризм мегӯем!