ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД!

Дар чанд рӯзи охир бинобар сар задани пандемияи КОВИД-2019 дар Осиёи Миёна хеле ҷомеа нигарон гардидааст ва дар ин замина кишварҳои минтақа ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд, ки қобили эҳтиром аст.

 Бо пайдо гардидани нишонаҳои пандемияи КОВИД-2019 дар кишвари мо низ, ин мушкил пайдо зад ва табибони ӯзбекистонӣ ба хотири кӯмак ба ҳамтоёни тоҷики худ бо ёрдами башардӯстонаи кишвари Ӯзбакистон ба кишвари мо омаданд, ки қобили таҳсин аст.

Мо, ин ҳамкории бародаронаву дӯстонаи мардумони ҳамсоякишвари Ӯзбакистонро ҳаргиз фаромӯш намекунем ва ин намунаи дӯстии байни давлату миллатро поянда бод, мегӯем!