ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: ТО КАЙ ЗЕРИ ПАРДА БИМОНАД, ДУШМАНӢ?!

Ҳамон тавре, ки хуб медонем ва аз расонаҳо бармалост, имрӯзҳо ҳама наҳзатиёни малъунро  бори шармандагиву рӯсиёҳӣ бар дӯш аст ва ин шармандагӣ замоне ошкор шуд, ки панҷ нафар аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар кишвар Олмон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва тарҳрезии амали террористӣ дар қаламрави ин кишвар дастгир шуданд.

Яъне, дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ натавонистанд, ки дар кунҷе ором бишинанд ва мисли инсон дар ҷамъияти пешрафтаи Аврупо зиндагӣ кунанд ва аз ин лиҳоз рӯ оварданд ба хиёнат бар башарият. Тавре, ки медонем, Кабирии малъун мехост бо истифода аз ин панҷ нафар миллати тоҷикро дар назди Аврупоиён бадном созад, аммо натавонисту ноаён сирри худаш фош гардиду шарманда шуд.

Зеро пас аз боздошти ин панҷ нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ роҳбари наҳзатиёни манфур ва касифу палид Кабирии пазил ва ҷинояткору террорист ба таври фаврӣ баромад карда аз ин панҷ дастгиршудаи наҳзатӣ ҳимоят намуд, ки ин ҳолат гумону шубҳаҳоро дар миёни мардум аз байн бурда, аъзои воқеӣ будани ин панҷ дастгиршудаи ҷинояткорро дар ТТЭ ҲНИ бармало сохт.

Аз ин лиҳоз, мо устодони кафедра ин рафтори Кабирии террористу малъунро ба таври ошкоро маҳкум намуда, дар хитоб бар наҳзатиёни палиду разил ва авбош  гуфтани ҳастем, ки то кай зери парда пинҳон бимонад, душманӣ?!