ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: ДАҲШАТИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ФИЛМИ “ХИЁНАТ”

Аз дидани қисматҳои охири филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” чунин хулоса баровандан мумкин аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ аслан тоҷик ҳам набудаанду барои тоҷикон бегонаанд. Албатта, аз миллати тоҷик баромадани чунин тоифаи бадкеш ва манқурти наҳзатӣ як андоза касро ба ҳайрат меоварад. Ҳарчанд наҳзатиён даъвои тоҷик буданро мекунанду худро ватандӯст гирифт, аммо дар асл фиристодаҳои хоҷагони хориҷияшон дар кишвари мо будаанду барои несту нобуд сохтани ғояи миллӣ ва давлатдории тоҷикон амал мекардаанд. Ҳамаи далелҳои овардашуда, амалан исбот менамояд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ сад дар сад душмани миллати тоҷик мебошанд.

Хиёнату хиёнаткорӣ амали ҳамешагиву вазифаии ҳаррӯзаи наҳзатиён мебошад, ки ин ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори зишт ва номардонаи наҳзатиёнро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!