ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: КАБИРӢ РӮТАБОҲИ ҲАЙВОНСИФАТ!

Вақте инсон дурӯғ мегӯяд, дурӯягӣ мекунад, фиребкорӣ мекунад, ӯро дар ҷомеа ҳатман мегӯянд, ки рӯтабоҳӣ мекунад. Воқеан ҳам вожаи рӯтабоҳ ҳамон вақте гуфта мешавад, ки инсон дар қолаби инсонӣ хӯлқу хӯи ҳайвониро ба худ касб менамояд.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирии террорист ҳам аз ҳамон қабил афродест, ки барои фиреб додани ҷомеа имрӯзҳо бар рӯ ниқоб кашида, талош мекунад. Албатта, маълум аст, ки роҳбари наҳзатиёни палид як хиёнаткори гузаро ва ғаддору қаллоб асту аз ҷониби хоҷагони хориҷияш маблағгузорӣ мешавад. Аммо инро М. Кабирӣ пинҳон нигоҳ дошта талош меварзад, ки ҷомеаро бо роҳҳои гуногун ба гумроҳӣ барад ва ҳамаро фиреб диҳад.

Ҳарчанд маълум аст, ки мақсаду мароми наҳзатиён яктост ва ин ҳам бошад, душманӣ варзидан бар аҳли ҷомеа, нобуд сохтани кишвару миллат. Иғвобарангезиву дасисабозиҳояшон ҳам маҳз ба ҳамин хотир мебошад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ношоистаи душмани миллат Кабирии рӯтабоҳро маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!