ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: М. САДРИДДИН АЗ ҒУЛОМӢ ТО БА САДРНИШИНӢ ДАР ХАЙМАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ!

Мусаллам аст, ки ҳар як инсон ва ҳар як нафар ҳолномаи худро дорад, ки дар он фаъолият ва гузаштаву ҳозирааш ба таври ба худ хос сабт мешаванд ва баъзан шоҳиди ин ҳама ҳолнома ё таърихи зиндагии мо дигарон ҳам мешаванд, ки намешавад онро иваз кард ва аз воқеият фирор намуд. М. Садриддин яке аз фаъолони ТТЭ ҲНИ, яке аз хиёнаткорон ва яке аз душманони миллати тоҷик, яке аз қаллобони динфурӯш мебошад, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ даст ба иғвобарангезиву дасисабозӣ задааст ва мақсаду маромаш ҳам хиёнат бар ҷомеа мебошад. Вале фаромӯш кардааст, ки ҳатман рӯзе аз ин қаллоб ва мазҳабфурӯш мардум огоҳ мешаванд ва ҳатман суоле мегузоранд, ки оё ҳамин Муҳаммадиқболи хоин писари Мулло Қаландар рафиқи қумандонҳо нест?

Тавре, ки медонем аллакай ин ҷо як саргузашти талхе оғоз мешавад, ки баъзан паҳлӯҳои пинҳони ҷомеаро ошкор мегардонад ва бояд, ки М. Садриддини террорист пеш аз сухан гуфтан ба ин масъала таваҷҷуҳ намояд. Зеро на ҳама медонанд, ки домуллои наҳзатӣ, қаллоби шариатӣ чӣ давраҳои зиндагиро аз сар гузаронидааст?

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманона ва ҳолнома ё худ саргузашти талхи душмани миллатро, ки дар гузашта як ғулом будааст фаҳмида, пасон дарк намудем, ки чаро М. Садриддин ин қадар ҳарза мегӯяду бар миллати тоҷик душманӣ меварзад?

Аз ин лиҳоз мо ин ҳама фаъолияти хоинонаи М. Садриддини хоин ва хиёнаткори наҳзатиро маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!