ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: М. САДРИДДИН ҚАЛЛОБИ МАККОР ВА ФИРБЕГАР!

Чандест, ки миёни ҷомеа қаллобиву маккории Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз душманони миллати тоҷик, яке аз хоинони бадкеш ва террористи наҳзатӣ овоза гардидааст, ки чеҳраи аслии ба ном ҳомиёни дин ва дар асл душманони дину шариатро ошкор намудааст. Ҳатто суолҳо низ пайдо мешаванд, ки чӣ хел наҳзатиён дар хориҷ ҳам шарм накарда, боз даст ба фиреби мардуму қаллобиву шайтонӣ задаанд?

Ҳоло суоле ин ҷо ба миён меояд, ки чаро маҳз наҳзатиён даст ба қаллобиву фиребкорӣ мезананд?

Чаро маҳз М. Садриддин ҳамон сафсатагӯӣ наҳзатӣ, ҳамон шахси худашро, ки пок нишон додаву шариатӣ вонамуд мекард, даст ба қаллобиву ҷайби мардум задааст?

Ин ҷо сабабаш як чиз аст, ин ҳам бошад муҳити оилавии наҳзатиён, яъне муҳити вайрон ва носолим, ки барои хоину хоинча ва қаллобу фиребкор шудани фарзандонашон мусоидат менамояд.  М. Садриддин ҳам аз ҳамон тоифа аст, ки ба ҷуз макру найранг ва фиреб дигар коре аз дасташ намеояд ва мақсаду маромаш низ ҳаққи мардум хӯрдан аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душмани миллати тоҷик, хоини бадбахт ва бадкеши наҳзатӣ М. Садриддинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!