ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: КАБИРӢ-МАЛЪУНИ МАХУФ!

Чанде қабл, наворе оид ба фаъолияти пасипардагиву номашрӯи раиси ТТЭ ҲНИ ҳамон ҳизби террористие, ки аз номи дин истифода карда, миллатро ба гумроҳӣ бурд, М. Кабирӣ дар расонаҳо нашр гардид, ки бисёр ҳам шармовар ва хиҷолатангез буд. Наход ҳамин М. Кабирӣ, ки худро гоҳ ҳомии дину гоҳ ҳомии демократия меҳисобад, нисбати зан чунин муносибати нодуруст ва рафтор ношоистаро раво бинад?

Аммо он чӣ дар навор дида мешуду он ҳарфҳое, ки аз забони раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирии хоин мебаромад воқеан ҳам инсонро ба ҳайрат меовараду бори дигар чеҳраи хоиниву террористии М. Кабириро ошкор мегардонид. Чунки М. Кабирии хоин то бад ин дам худашро зери ниқоб гирифта, бештар  ҷомеаро гумроҳ карда мегашт. Вале аз навор бармеояд, ки М. Кабирии хоин ва террорист мусичаи бегуноҳ несту аждаҳои бадкеш ва харе андар ниқоби одамӣ будааст.

 Воқеан ҳам ин рафтори нодуруст ва амали зишти Кабирии палид ва хоин бори дигар исбот намуд, ки раиси ТТЭ ҲНИ дар ҳақиқат инсон набудаасту мисли дигар наҳзатиён ҷинояткору маккор ва ҳиллагару найрангбози мардумфиреб будааст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори авбошона ва нодурусту ғайриинсонии М. Кабирии террористро маҳкум намуда, бар вай лаънат мехонем!