ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДКМТ: НЕСТ БОД, ТТЭ ҲНИ!

Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз оғози соли соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз талош менамуданд, то мустақилияти кишварро аз байн баранд ва давлату миллати тоҷикро нест намоянд. Барои ин кор ба наҳзатиёни малъун ва палид хоҷаҳои хориҷияшон кӯмак менамуданд ва мо борҳо шоҳид будем, ки чӣ тавр ин наҳзатиёни палид ва авбош бар алайҳи миллати тоҷик мубориза бурданду кишварро дар солҳои 90-ум ба майдони хоку хун мубаддал гардониданд.

Имрӯз ҳам аъзоёни ҳамин ташкилоти террористӣ дар хориҷи кишвар паноҳ бурда бо роҳҳои гуногун мехоҳанд иғвобарангезиву дасисабозӣ кунанд ва ҷомеаро ба гумроҳӣ баранду миллатро сарсон гардонанд.

Ҳоло ин наҳзатиёни палид бо пули хоҷагони хориҷияшон чандин марказҳои оммафиребӣ ташкилкардаанд, ки воқеан ҳам боиси таассуф аст, ки чӣ тавр ин палидони наҳзатӣ бар Ватан ва миллату давлати худ хиёнат мекунанд?!

Мо кормандони шуъба ин рафтори пасти наҳзатиён ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ –ро комилан маҳкум намуда, гуфтани ҳастем, ки “ саг аккос мезанаду корвон роҳашро идома медиҳад”!