ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ КАДРҲО: ШАРАФ БА ҶАВОНОНИ ВМКБ!

Тибқи ахбори расонаҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ аз аввалинҳо шуда, ҷавонони ВМКБ маъракаи даъват ба сафи Артиши миллиро ба анҷом расониданд ва наваскаронро барои хизмати содиқона ба Ватан гусел намуданд, ки ин ҷасорат ва мардонагии ҷавонони бадахшониро намешавад ба неки ёд накард. Зеро ҷасорату мардонагӣ ва дарки қарзи шаҳрвандиву имонии худ аз ҷониби ҷавонони ВМКБ ин худ як таҷрибаи баланди меҳанпарастиву мактаби нави муҳаббат ба Ватан аст.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, аксарияти ҷавонони ВМКБ ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардидаанд, ки ин аллакай намунаи олии ватандӯстиву муҳаббат аст. Зеро ҳифзи марзу бум ва Ватан ин нишонаи олии мардист ва мардоне чун  Спитамену Афшин ва Деваштичу Восеъ аз намунаҳои олии қаҳрамониву мардонагӣ дар ҳифзи Ватани муқаддаст мебошанд, ки ин ҳама аз гузаштагони миллати мост.

Мо кормандони шуъба ин рафтори ҷавонони бадахшониро фоли нек ҳисобида, ба ин наваскарон барору муваффақият дар иҷрои қарзи шаҳрвандиро таманно мекунем!