ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТЕСТӢ: САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ БЕБАҲО!

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пандемияи КОВИД-19 мубориза мебарад ва хушбахтона, қисмате аз кишварҳо дар мубориза муваффақ низ ҳастанд. Миллати тоҷик ҳам дар сафи ин муборизон барои наҷоти ҷони башар қарор дорад ва ҳамон гуна, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз бисёр чораҳо барои пешгирӣ аз ин маризӣ андешида шуданд.

Алабба, вабои коронавирус ё КОВИД-19 имрӯз ё фардо ҳатман аз байн бурда хоҳад шуд, аммо то ба таври комил нест намудани он ҷомеа бояд эҳтиёткор бошад ва талабҳои табибонро риоя намояд. Ҳар як шаҳвард кафили саломатии хеш аст ва бояд, ҳар як нафар худ масъул барои сироятнаёфтани худ бошад. Мо, метавонем ин маризиро мағлуб созем ва ба тамоми аз байн бибарем, агар чораҳои пешгирикунандаро иҷро кунем ва бо ниқобу маҳлули вирускӯш (антисептик) гашту гузор намоем.

Саломати гавҳари бебаҳост ва умедворем, ки шаҳрвандони кишвар барои солимии худ ва аҳли ҷомеа талош мекунанду вазъиятро дарк намуд. Ҳамарӯза санҷидани ҳарорат барои ҳар як нафар муҳим мебошад.