ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТИ МОШИНСОЗӢ: ОЁ САҲА ТАРАФДОРИ ТЕРРОРИСТОН АСТ?

Намехостем, ки дар ин масъала бинависем, аммо он чи имрӯзҳо мушоҳида мешавад, моро ҳаргиз намегузорад , ки нисбати ин амалҳои САҲА ва муносибату пуштибонияш аз террористон бетараф бошем. Мо ҳаргиз намехоҳем, ки ҷинояткорон ва хоинони ватанфурӯш худро бегуноҳ ҳисобанд ва гуноҳи худро бар сари дигарон бор кунанд. Муҷрим ва ҷинояткор бояд бар ҳамаи амалҳои ҷиноияш ҷавоб гӯяд.

Мардум нағз медонанд, ки наҳзатиён ва пайравони ТЭТ ҲНИ чи тавр мардумро фиреб дода, онҳоро гумроҳ сохтанд. Наҳзатиёни террорист ҳамеша ба миллати тоҷик хиёнат намудаанд ва ҳоло ҳам ҳамин корро идома додаистодаанд. Албатта, мо ҳам мехоҳем зиндагӣ кунем ва намехоҳем, ки террористон хоки поки Тоҷикистони азизро нопок созанд. Оромиву суботи кишвар дар хатар аст. САҲА боз дар ин росто ифротиёнро пуштибонӣ менамояд, ки андак ноадолатист нисбати миллат.

Мо, бар зидди терроризм ҳастем ва ТЭТ ҲНИ-ро ҳаргиз қабул надорем, ҳарчанд САҲА аз он пуштибонӣ кунад, ҳам мо душмани худро ҳаргиз намебахшем!