ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ ВА ИФРОТӢ ХАТАР БАР АМНИЯТИ МИЛЛӢ!

Вобаста бо рӯйдодҳо ва ҳодисаи охир чунин хулоса кардан мумкин аст, ки душманон ва хоинони миллат, ҳамеша талош мекунанд, то аз ҳар лаҳзаву имконият истифода намуда, хиёнатҳои худро анҷом диҳанд. Ва шоҳид шудем, ки чи тавр дар вақтҳои охир гурӯҳҳои ифротиву тундрави аз ҳисоби ТЭТ ҲНИ омода шуда, чи хел ба фазои иттилоотӣ мудохила мекунанд ва ахбори бардурӯғро пашн намуд.

Аз ин рӯ, лозим медонем, ки расонаҳое, ки ин тоифаи ифротиён дар даст доранд ва тариқи он мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд, дар ҳудуди кишвар манъ карда шавад. Зеро вуҷуди худи ифротиёни мазҳабӣ хатарест барои амнияти ҷомеа ва ин ки онҳо бо расонаҳо дастрасӣ доранд, аллакай хатари бузург аст ва ин масъала бояд ҷиддӣ ба инобат гирифта шавад.

Ҳамчунин он ахбор ва маълумоти бардурӯғе, ки ин расонаҳои ТЭТ ҲНИ ва ТЭТ Паймони миллӣ пешниҳод мекунанд, саҳеҳият ва воқеият надоранд ва саропо аз дурӯғ аст, ки барои носолим сохтани фазои озод хеле таъсир мегузорад. Маълум аст, ки мақсади ин созмонҳои террористӣ гумроҳ намудан ва тариқи расонаҳо ба андешаи мардум вирус ворид сохтан аст. Зеро онҳо ҳамаи ин корҳоро бо супориши хоҷагони хориҷии худ, ки аз душманони аршади миллати тоҷик маҳсуб мешаванд, анҷом медиҳанд.