ЗОҒОНИ БАДМУР

Инсоният дар тӯли зиндагияш ба гиру дорҳои зиёди зиндагӣ бармехӯрад ва баъзан барои ҳалли ин ё он мушкил ба таҳлили гузаштаву имрӯзии худ менамояд. Ва ҳатто барои ҳифзи асолати инсонӣ ва ҳалли оқилонаи маъала ҳатман ба адабиёт рӯ меоварад, то асли инсонии хешро барҳам назанад ва ё ба шаъну шарафи инсонӣ латма ворид насозад.

Ҳастанд афроде, ки дар роҳи ҳифз ва муаррифии арзишҳои волои инсонӣ ҳаёти худро қурбон мекунанд ва ин ҳама заҳмату талошҳояшонро барои ҷомеа ҳадя месозанд, аммо дар ин замина ҳастанд боз инсонҳое, ки ин ҳама арзишҳои воло ва заҳматҳои инсонро барои рушди комили одамият бо як амали ноҷо ва нодуруст барбод медиҳанд.

Гузаштагони миллати тоҷик ва махсусан адибону шоирон ҷиҳати ҳифзи асолати инсонӣ ва ҳимояи фарҳанги пурғановати миллӣ асарҳои пурарзишу муҳиме ба насли оянда ба мерос гузоштаанд, ки насли баъдӣ анъанаи неки инсонӣ ва арзиши баланди ҷомеаи шаҳрвандиро ҳифзу ҳимоя намоянд ва рукнҳои одамгариро поймол насозад.

Баъзан барои ин ё он масъаларро баррасӣ намудан, инсонҳо мегӯянд, ки адибони гузашта бар ин масъала чунин назар фармудаанд ва ё чунин пешниҳод кардаанд, ки аз ҳамон захираи бойи маънавии миллат шаҳодат медиҳад.

Аммо аз ҳамин махзани маънавӣ ва захираи бойи илмӣ истифода накардани инсонҳо худ бисёр ҳам гуноҳи бузург аст. Зеро дар бисёр мавридҳо гузаштагонамон ба ин ё он масъалаи рӯз пешниҳодҳои созандаи худро доранд, ки дар он ҳама ҷанбаҳои муносибати инсонӣ ба инобат гирифта шудааст.

Лек имрӯз ҳастанд афроде, ки аз мутолиаи ҳамаи ин шоҳасарҳои зиндагиомӯз сарфи назар намудаанд ва бо тарбияи ғояҳои шӯравӣ ба воярасидаанду дар ғами шикаму киссаи худ ҳастанд ва барои пулу мол шуда ба ҳама чиз қодиранд.

Мисоли ин тоифаи бадкеш ва ҳаромтарбияву ҳайвонхислатиро дар аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ТТЭ ПМТ, ТТЭ “Гурӯҳи 24” бараъло мушоҳида менамоем ва худ шоҳиди ҳол ҳастем, ки чӣ тавр аъзоёни ин ташкилотҳои террористӣ ба хотири пулу мол шуда, ба хидмати хоҷагони хориҷияшон гузаштанд ва барои пул шуда ба Ватану миллати худ хиёнат намуданд.

Пас чӣ гуна мешавад, ин тоифаро инсон номид, дар ҳоле ки ин палидон ҳар рӯз ба хотири паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва гумроҳ намудани миллат матолиби бардурӯғу иғвобарангезро дар сомонаҳои ташкилкардаи худ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ба нашр мерасонанд ва манфиати душманони миллатро ҳимоя мекунанд?!

Ин афроди бадсиришт ва бадгавҳарро бо ин амалҳои ношоиставу ғайри инсонияшон аслан зоғҳои бадмур номидан ҳам дуруст аст ва ин тоифаи бадгавҳар ягон зарра хислати инсониро доро нестанд ва аз махлуқҳои бадтарину зишттарин маҳсуб меёбанд.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ