ДУРӮҒ АНДАР ДУРӮҒИ М.САДРИДДИНИ ХОИН БОЗ ҲАМ НАҲЗАТИЁНРО ШАРМАНДА СОХТ

дар ҳошияи маводи  бардурӯғ нашрнамудаи “Масчо бо ИСЛОҲ аст”

Ба наздикӣ М. Садриддин яке аз дурӯғбофон ва дасисабозу фитнакори наҳзатӣ дар сомонаи ифротияш ислоҳ.нет навореро бо номи “Масчо бо ИСЛОҲ аст” ба нашр расонидааст, ки бисёр ҳам маводи бардурӯғ ва иғвобарангезона мебошад. Ҳеҷ боварӣ кас намеояд, ки сокинони Масчо ба хотири сарпечӣ намудан аз ободкориву созандагии ноҳияашон ба маркази террористон шикоят бурда бошанд. Дуюм ин ки мардуми Масчо аз тамоми наҳзатиён ва махсусан аъзоёни ТТЭ ҲНИ нафрат доранд ва ин дар замонҳои дар кишвар будани наҳзатиён ҳам маълум буд.

Сеюм ягон нафар аз Масчо чунин паём намефиристад ва норозигӣ ҳам нишон намедиҳад, чунки мардуми Масчо хуб медонанд, ки наҳзатиён бадномкунандаи дин мебошанд ва ҳама дар кишвар инро хуб медонаду хеле барвақт хулосаашонро баровардаанд.

Сеюм мардуми Масчо номуси баландӣ ватандорӣ ва мардонагӣ доранд, ки ҳаргиз бар хоин ва хиёнаткорӣ Ватан наменависанду намегӯянд.

Аз ҳамин лиҳоз бо бофтаву сохта кардани матлаб М. Садриддини хоин ва авбош бори дигар худро шарманда сохт ва маълум кард, ки дурӯғнавису фитнакор аст.

Тамоми сокинони кишвар хуб медонанд, ки имрӯзҳо наҳзатиёни фирорӣ ва авбош дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳар як қадамашон зери назорати хоҷагони хориҷияшон мебошад ва онҳо бештар кӯшиш мекунанд, то аз номи мардум ҳар гуна матлаби бардурӯғ навишта, худро аз хашми хоҷагони хориҷияшон наҷот диҳанд. Боқӣ ин ҳама навиштаҳои М. Садриддин ва дигар наҳзатиёни террористро ба ҷуз худашон дигар касе намехонад ва ягон воқеият ҳам надорад ин матлабҳо.

М. Садриддин дурӯғ менависад ва бардурӯғ мехоҳад мардуми Масчоро ба шур оварад ва номи онҳоро сиёҳ намояд, чунки ин мардум наҳзатиёнро қабул надоштанд ва ҳоло ҳам наҳзатиён кӯшиш мекунанд, то қасдашонро аз ин мардум бигиранд ва ҳамин аст, ки М. Садриддини террорист пайваста ба ин ноҳия мечаспад ва бардурӯғ ҳар матлаберо, ки бофт аз номи ин мардум ва ё ягон ноҳияи дигар менависад, то мардумро бовар кунонад, ки сомонаашро мардум мехонанд. Вале дар асл бошад, сомонаи ислоҳ.нетро касе намехонад ва ҳамагон медонанд, ки ислоҳ. нет як фазаи иттилоотии террористон асту халос.

Имрӯз ё фардо агар боз ҳам садҳо дурӯғи дигар М. Садриддин яке аз террористони фирорӣ ва шикамгадо бинависад боз ҳам фоида надорад ва мардум хуб огоҳ ҳастанд, ки мақсади наҳзатиён ва дигар авбошону террористони наҳзатӣ иғвобарангезиву дасисабозист.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ