Доир ба фаъолияти муассисаҳои илмию таълимии зертобеи вазорат дар соли 2019

Дар зертобеияти вазорат шаш муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи куҳӣ- металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова, ду муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ – Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Ғизо” ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Саноат” ва 3 муассисаҳои типпи нав, аз ҷумла ду литсейҳои инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва “Соҳибкор”- назди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият доранд.

Теъдоди умумии донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2019-2020 зиёда аз 16948 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла раванди таълим дар 24 факулта аз рӯи 149 ихтисос ва 81 кафедра ба роҳ монда шудаанд, ки дар он 1695  нафар устодони ботаҷриба ва кормандон кору фаъолият доранд, аз ин 52 нафар докторони илм, 254 нафар номзадони илм дарс меомӯзанд ва ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғуланд. Соли таҳсили 2018-2019, 3137 нафар мутахассисон дар зинаи бакалавр ва магистр муассисаҳои таълимии зертобеи вазоратро хатм намуда, барои дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ кору фаъолият доранд.Музди миёнаи маоши кормандони муассисаҳои таълимии марбут 1272,2  сомониро ташкил медиҳад ва 2790 нафар донишҷӯён аз 56 то 208 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд. Донишҷӯёни гирандагони стипендияи Президентӣ 13 нафар буда, 142 нафар тариқи дигар намуди квотаҳо таҳсил менамоянд.

Вазорат ба фаъолияти ҳамарӯзаи муассисаҳои илмию таълимӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати густариши ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу маърифати касбии устодону омӯзгорон, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ инчунин дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи саноат чораҷӯӣ менамояд.