Дидори волидайн аз вазъи фарзандон дар ДКМТ

Дар кафедраи геология ва корҳои нафту гази факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон  бо ташаббуси мудири кафедра А.Олимов вохӯрии устодон бо донишҷӯёни бахши 1 ва 4 сурат гирифт. Нахуст дар ҷамъомад декани факултет Самадова Г. суханронӣ намуда, ҳозиринро бо талабот ва қоидаву қонуни донишкада шинос намуд. Ҳамчунин мавсуф дар масъалаи тартибу низом ва шароити дарсӣ сухан ронда, аз волидайн дархост намуд, ки тибқи муқаррарот ва талаботи мавҷуда амал намоянд.

Дар вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён масъалаи тартибу низом ва ҳолати донишҷӯён, рафтори онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби кураторон ва омӯзгорони масъул баҳри беҳбуди вазъ  машваратҳо дода шуд.

Мудири кафедра устод Олимов А. дар баромади худ аз Қонун “дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ёдовар шуда, ҷиҳати дар роҳи рост ва ахлоқи накӯ тарбия намудани фарзандон таъкид намуданд. Ҳамзамон Олимов А. аз ҳодиса ва падидаҳои номатлуби аср хотиррасон шуда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷавонон аз ғояҳои бегона ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ волидайн бояд бетараф набошанд ва ҳамеша фарзандони худро огоҳ созанд.

Дар вохӯрии имрӯза чанд паҳлӯи масъала баррасӣ гардида, муҳокимаи хуби донишҷӯён аз тарафи омӯзгорон ва волидайн сурат гирифт.

Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриву мулоқотҳо бар нафъи кор буда, ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги донишҷӯён ва робитаи мустақими волидайн бо Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мусоидат менамояд.