Дарси кушоди муаллима Маҳмудова С

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, имрўз санаи 12.04.2022сол, дарси кушоди муаллими калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ Маҳмудова С.С. дар синфхонаи 312 баргузор гардид. Дарси кушод аз фанни «Муқовимати масолеҳ» барои гурӯҳи 3601.01т, бахши – 2, доир ба мавзӯъи «Қувваҳои дохила ҳангоми қатшавӣ ва сохтани эпюраҳо» гузаронида шуд.

Қайд карда шуд, ки дар зери таъсири қувваҳои беруна қатшавии тири болор ё тағйирёбии каҷии тири ғӯларо (агар то таъсири борҳо тири болор хати каҷ бошад) деформатсияи қатшавӣ меноманд.

Агар дар буриши арзии болор ҳам қувваи арзӣ ва ҳам моменти қаткунанда пайдо шавад, чунин деформатсия ба, деформатсияи қатшавии арзӣ мубаддал мегардад. Дар раванди ҳалли масъала, агар қувваи арзӣ ба сифр баробар шавад, ин њолатро деформатсияи қатшавии тоза меҳисобанд.
Қувваҳои берунае, ки ба болор таъсир мекунанд, ин таъсири элементҳои конструксия ба ҳамдигар мебошад. Одатан дар вақти ҳалли масъала ин таъсирро бо намудҳои: қувваи арзии мутамарказонидашуда; қувваи баробар ё ин, ки нобаробар тақсимшуда ва бо ҷуфти қувваҳо ифода менамоянд.
Дар раванди омӯхтани қатшавии болор, ба чунин масъалаҳо эътибор дода мешавад:
омӯхтани қувваҳои дохилае, ки дар болор пайдо мешаванд;
ќонуни тақсимшавии ин қувваҳо вобаста аз андозаҳои буриш;
њисоби шиддат ва андозаҳои буриши арзӣ;
муайян кардани ҷойивазкуниҳои хаттӣ ва кунҷӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар дарси кушод донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, ба суолҳои омӯзгор Маҳмудова С.С. посух дода, соҳиби холҳои мувофиқ гардиданд.