Дарси амалии устод Анвар Отаев бо донишҷӯён дар саҳро (майдони истихроҷ)

Аз наздик ошно намудани донишҷӯён бо корҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин маҳалли корӣ барои онон хуб аст ва ҳамчунин ба донишҷӯ тасаввуротро дар бораи фаъолияти минбаъдааш пайдо менамоянд. Аммо ҳастанд омӯзгороне, умуман методи таълимии худро доранду дарсҳои амлаиро дар маҳалли коргоҳ ва ё куҳӯ саҳро мегузаронанд, то он чӣ донишҷӯ меомузад, дар оянда барояш кор диҳад Аз зумраи чунин омӯзгорон Анвар Отаев мебошанд, ки худ аз кори истеҳсолот, ҷараёнҳои кӯҳкорӣ ва ё ин ки самти геология хуб огоҳӣ доранду ба ҳамин сабаб донишҷӯёни он кас аз беҳтарин мутахассисон дониста мешаванд.

Ҳамин аст, ки дирӯз, омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Анварҷон Отаев донишҷӯёни курси якумро барои гузаштани дарси амалӣ ба конҳои атрофи шаҳри Хуҷанд ва Исфара  бурда бо донишҷӯён дарс гузаштанд. Дар ин дарси амалӣ омӯзгор А.Отаев низ талош карданд, то донишҷӯёни курсҳои 3 фаъолона аз наздик бо навъи сангҳо, тарзи коркад ва иктишоф, пайгири рахнаи маъдан ва дигар корҳои геологӣ ошно гардиданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи супориши роҳбарияти донишкада ҳамаикафедраҳо дар корхонаҳои истеҳсолӣ филиали кафедраро ифтитоҳ намудаанд, ки минбаъд дарсҳои амалӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ мегузарад.

М. Сайидзода