Густариши ҳамкориҳои донишкада бо корхонаҳои саноатӣ

Санаи 08.04.2022 сол дар донишкада вохӯрии ҳайати идоракунандаи донишкада бо намояндагони ҶДММ «Заринк» воқеъ дар ноҳияи Сангвор баргузор гардид. Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи донишкадаву корхонаи мазкур дар давраи дарозмуддат дар самтҳои омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони донишкада, корҳои илмӣ-татқиқотӣ ва амсоли онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Баъд аз вохӯрӣ намояндагони корхона бо донишҷӯёни донишкада сӯҳбат барпо намуданд. Дар он ҷо ба донишҷӯён оид ба корхона, намуди фаъолият, ҳайъати кормандон, инчунин оид ба иштироки донишҷӯён дар фаъолияти корхона маълумотҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, донишҷӯи бахши 4, ки дар ин корхона таҷрибаомӯзии пешазхатм гузаштааст, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба корхона баён намуд.