Вусъати татбиқи илм дар истеҳсолот аз ҷониби омӯзгорони донишкада

Барои тақвият бахшидан ва боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкории донишкада бо корхонаҳои саноатии кӯҳӣ ва рафти таҷрибаомӯзии пеш аз хатми донишҷӯёни бахши 4-уми ихтисосҳои 510201-корҳои маркшейдерӣ ва 700201-06-сохтмони зеризминӣ ва шахтаҳо аз рӯи ҷадвали тасдиқгардидаи кафедраи сохтмон ва корҳои маршейдерӣ санаи 2 марти соли 2022 ба ҶСК “Ангишт”-и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара аз тарафи муаллими калони кафедра Тоҳиров А.С., ташриф оварда шуд. Сараввал ӯ бо рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯёни гурӯҳи ихтисосҳои 510201 ва 700201-06 Фахриддинов Ф, Турсунов Ш, Раҳимбердиев Ф ва Ҳайдаров Ҷ. бо рафти таҷрибаомӯзӣ ва шароити зисти онҳо дар ҶСК “Ангишт” аз наздик шинос шуд. Маълум гардид, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён таҳти роҳбарии сардорони минтақаи корхона Зоиров Ҳамидулло ва Ҳасанов Муҳаммадризо, ки хатмкардагони донишкада мебошанд, аз рӯи барномаи таҷрибаомӯзии пеш аз хатм рафта истодааст.

Баъдан ӯ бо кори филиали кафедраи сохтмон ва корҳои маршейдерӣ дар ҶСК “Ангишт” аз наздик шинос гардида, манбаъд оиди ҳамкории корхона ва донишкада пешниҳодҳои худро ирсол намуд.

Дар рафти ташрифи омӯзгор Тоҳиров А.С. бо таҷрибаомӯзон ва роҳбарони онҳо дар синфхонаи махсус ҷиҳозонидашудаи соҳавӣ оид ба мукаммал баргузоршавии таҷрибаомӯзӣ муколама баргузор намуд.
Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки алоқаи байни истеҳсолот ва донишкада боз ҳам мустаҳкамтар гардад.

Юсупов С.

мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ