Вохӯрии раёсати донишкада бо волидони донишҷўён

Санаи 01.12.2023 дар маҷлисгоҳи калони донишкада бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбия н.и.п. дотсент Аминҷонова Мавлудахон маҷлиси бузург ва вохӯрии судманд бо  волидайни донишҷўёни факултетҳои корҳо кӯҳӣ, металлургия, иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбия  Аминҷонова М.С., суханрони намуда,  ҳамаи падару модаронро ба даргоҳи илму маърифат хайрамакдам гуфта, пас аз он бо қоидаҳои муҳиму ҳатмии амал дар донишкада шинос намуданд.
Сипас, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём  дар бораи қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” суханронӣ намуд. 

Дар интиҳо волидон ба масъулин изҳори миннатдорӣ баён намуда, баъдан ба суолҳои хеш посух гирифтанд.