Вокунишҳо дар ҳошияи мақолаи ҚОРӢ НОСИР – “ФАРМОИШГАР”-И ҲАМЛАИ ДАНҒАРА КИСТ? ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА

Мегўянд,  ки  «гӯшт бе устухон намешавадт»    ки ин ҳақ  асту  рост. Дар шароити имруза    байни мо инсонҳое  зиндагӣ  мекунанд, ки онҳоро   намедонӣ  ба чӣ  монанд кунӣ  , зеро бо вуҷуди сурати  инсонӣ  сирати  шайтонӣ доранду дар ботинашон ѓайр аз ифлосӣ  чизе  дигаре нест. Мақсади асосиашон дар зиндагӣ  айшу нўш, хиёнат, фиребу  найранг  ва  аз хама  муҳимаш дида  натавонистани  ободиву  оромии  кишвари азизамон Тоҷикистон аст.  Аммо ин тоифа  фикр намекунанд, ки  бори каҷ  ба манзил  намерасаду  онҳо ҳеҷ  гоҳ ба мақсади нопоки худ  намерасанд. Воқки   мудҳише, ки санаи 29.07.2018 бо ҷурми чанд нафар  ҷавонони  бехираду  беномус  рух  дод,   боиси  тааассуф, тааҷҷуб  ва  танаффури  аҳли ҷомеа  гардид, исботи фикри болоист.

 Камоли ифтизор аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон  мўҳтарам Эмомалӣ Рахмон  эълон гардидани  соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ кулли шаҳрвандонро рўҳияи  ифтихору  шодӣ фаро гирифт, зеро  муаррифӣ намудани Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ  хурду бузург  қарзи  худ мешуморид.  Хар  яке мехост  бо намоиши ҳунараш  Тоҷикистони азизашро ба оламиён  пешниҳод намуда,  «расми хуби тоҷикон»-ро паҳн  намояд. Яке бо пухтани ошу  нони тоҷикӣ, дигаре  бо дўхтани либоси миллӣ, сеюмӣ бо сохтани  ашёи заргариву оҳангариву мисгариву кулолӣ, чорумӣ  бошад бо  мусаввараҳои  табиати биҳиштосои  кишвар, панҷумин  бо сохтани  биноҳои  боҳашамати  ба меъёри ҷаҳони муосир ҷавобгўву боѓоти меваҳои шаҳдбор, дигаре  бо хондану  сароидани намунаҳои бехтарини  забони тоҷикӣ  мехоҳад Тоҷикистон ба мардуми  сайёра  муаррифӣ  намояд.

Аммо боиси таассуф аст, ки зумрае аз  ҷавонон бо амалҳои нопоки  худ  фазои орому осуда, дастурхони кушодаи тоҷикона, ҷеҳраи хандону  нуронаи пирони рўзгори тоҷикро  олуда  сохта, бо як амали зишт имрўз  байни мардум  таҳлука  ворид  кардану аз худ «қахрамон» сохтан  мехоҳанд. Онҳо, ки аз хирад фарсахҳо дуранду қобилияти дарк  кардан  надоранду дар зиндагӣ мавқеи худро  наёфтаанд аз куҷо донанд, ки  бо ин амалашон ба номи тоҷик не  ба авлоду аҷдоди хеш доѓ  оварданд, заҳмати  волидайнашонро барабас  доданд  ва бо ҷони ҷавони худ ҷабр  карданд.

Қисса кутоҳ,  бо як амали террористӣ  /тибқи  маълумоти  расонаҳои  хабарӣ/ наметавон    амнияти кишварро пурра  халалдор  кард, вале  «илоҷи воқеа  пеш аз вуқўъ» гуфтаанд ва ин шояд барои мо як дарсе буд. Минбаъд кўшиш мекунем, ки дар умқи дили ҳар як насли наврас  тухми мехр кишта бошем ва онро бо меҳр шодоб намуда, меҳрубонӣ, меҳмоннавозӣ, ширинбаёнӣ, кушодадиливу  чеҳракушодагии тоҷиконаро талқин  намуда бошем  ва барои ин  тамоми  шароиту  имкониятро дорем.

Мо устодони факултети элетромеханика ин амали террористиро маҳкум мекунем ва бо ҳар роҳу восита кўшиш менамоем, ки оромии ҷомеаи моро касеву чизе халадор насозад!

М.Эгамов, декани факултет

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

бист − 12 =