Робитаҳои донишкада бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон густариш меёбанд

Дирӯз, дар толори видеоконфронсзали донишкада муколамаи онлайнии раёсати донишкада бо намояндагони Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ-технологии Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҷонибҳо асосан доир ба се масъалаи муҳим : дурнамои роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои барномаҳои академии мобилӣ, фаъолияти муштараки илмӣ, барномаҳои муштараки таълимӣ гуфтугӯ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур аз  ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ,  муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули, декани факултети электромеханика Қозиев Камолудин, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат, декани факултети иқтисодиёти саноатӣ  Саидов Мустафохон,  сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза,  мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳ.Р. ширкат намуданд.  Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ-технологии Навоӣ бошад, дар ин  вохӯрӣ ректори донишгоҳ Мардонов Бахтиёр Тешаевич, Абдуазизов Набичон Азаматович муовини ректор оид ба таълим, Нурмуродов Тулкин Исамуродович  муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Аликулов Шухрат Шарофович муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва Мислибоев Илхом Туйчибович декани факултети куҳӣ ширкат варзиданд.

Ҷониби Ӯзбекистон баромад намуда, омодагии донишгоҳи мазкурро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи муфид эълон намуд. Баъдан Аликулов Шухрат Шарофович-муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ-технологии Навоӣ дар бораи ин донишгоҳ маълумот дода,  омодагии донишгоҳро ҷиҳати ҳамкорӣ бо ДКМТ дар самтҳои барномаҳои академии мобилӣ, фаъолияти муштараки илмӣ, барномаҳои муштараки таълимӣ иброз дошт.
Сипас,   ректори донишкада  профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар бораи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маълумот дода, барои ҳамкориҳои тарафайн изҳори миннатдорӣ баён намуд ва қайд кард, ки ин ҳамкорӣ барои ҳарду ҷониб айни муддао мебошад.
Баъдан, муовини аввали ректор профессор  Насриддинов З.З. омодагии донишкадаро ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба баён намуда, оид ба таҷрибаи бойи донишкада дар самти барномаҳои академии мобилӣ маълумот дод. Дар интиҳо ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки бо дарназрагирии дархосту пешниҳоди ҳар ду тараф робитаи ҳамкориро бештар хоҳанд кард.