Ҷамъбасти чорабиниҳои варзишӣ дар донишкада

Имрӯз, дар ҷаласаи ғайринавбатии раёсати донишкада ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ моҳвораи ҷавнонро, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар донишкада гузаронида шуд, ҷамъбаст намуда, ба раёсат ва деканҳои факултет ифтихорномаву сипоснома ва Ҷоми ректори донишкадаро тақдим намуд.

Тибқи натиҷаҳо Ҷоми ректори донишкада ба факултети электромеханика ва ҷойҳои дуюм ва сеюм ба факултетҳои металлургия ва корҳои кӯҳӣ супорида шуд. Сипоснома ва медалҳоро деканони факултетҳо профессор Қозиев К.С., дотсент Самадова Г.М., дотсент Шамсиддинов Ш., ва н.и.и. Саидов М. гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот