Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи навтаҷдидшуда

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, профессор Розиқов Зафар аз озмоишгоҳи аз навтаҷдидшуда кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ дидан намуданд. 

Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири тозатаъйини кафедраи мазкур Ҳоҷиев Саидмуқбил, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин озмоишгоҳи мазкурро барқарор ва аз нав таҷдид намудааст, изҳори сипос намуданд ва дар корҳояшон барор таманно намуданд.

Шуъбаи иттилоот