Боздиди донишҷӯён аз ҶМТКММ «Апрелевка»

Дирӯз,  донишҷӯёни ихтисоси 270101-09 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Раҳматов А.А. ва сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов А.А. аз корхонаи ҶМТКММ «Апрелевка» ба амал  оварданд. Ҳини боздид донишҷӯён бо коргоҳи ғанигардонии ин кохона аз наздик шинос шудаанд. Дар коргоҳи мазкур ба донишҷӯён ҳамаи равандҳои истеҳсолот нишон дода шуд,  ҳамчунин, аз ҷониби мутахассиси ин корхонаи соҳавӣ  муҳандис-металлург тарзи корбарӣ, коркард ва истифодаи таҷҳизотҳо пурра фаҳмонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки алоқамандии машғулиятҳои таълимӣ бо истеҳсолот барои баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот таъсири худро расонида, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ мусоидат менамояд.

Шуъбаи иттилоот