Боздиди гурӯҳи кории ДДҲБСТ аз донишкада

Имрӯз, як гурӯҳи корӣ иборат аз се нафар аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан намуданд. Меҳмононро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шахсан қабул намуда, аз ободкориҳо ва дастовардҳои илмии донишкада ёдовар шуд. Сипас, биноми навтаъсиси Маркази тестиро ба меҳмонон нишон дод.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ буда, ҳамеша омодааст бо олимон ва профессорон ҳамкорӣ намояд.

Шуъбаи иттилоот