БИРАВ ЗИ ТАҶРИБАИ КУҲСОР БАҲРА БИГИР…

Дар соҳили рости дарёи Сир куҳи Муғул намоен аст. Ин куҳ  аз ҷинсҳои вулконӣ , оҳаксангҳо ва граниту гранодиоритҳои эраи палеозой иборат аст. Дар баъзе ҷойҳои он конҳои вольфраму молибден низ ёфт шудаанд. Қаторкуҳи Қурама ва Муғул ба ба системаи куҳии Тиёншони ғарбӣ дохил мешаванд. Қисми ҷанубӣ ғарбии каторкухи Қурама  бо номи Қаромазор машҳур аст. Минтақае ки дар он дарси амалӣ аз фанни гелогияи корҳои канданиҳои фоиданок барои донишҷуёни бахши 3-юми ихтисоси 510101 геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок бо роҳбарии муаллими калон Муъминҷон Юсупов гузаронида шуд. Қаторкуҳи мазкур асосан аз ҷинсҳои магматикӣ ва таҳшинӣ эраи палеозой иборат мебошанд. Донишҷуён ҳангоми гузаронидани дарсҳои амалӣ-саҳроӣ бо сохтори геологии ҷинсҳои куҳӣ, элементҳои хобиши ҷинсҳои куҳӣ, тарқишҳои хурду бузурги тектоникӣ ва алоқамандии онҳо бо конҳои канданиҳои фоиданок шинос гардиданд.  

Дар доираи барномаи таълимии тачрибаоиузи гурухи донишчуён фиакултети коррхои кухи аз мавзеи кухсори вилояти Сугд, хоса каторкухи каромазор болздид ба амало оварда бо чинсхои кухи аз наздик шиносои пайдо намуданд.

Назар ба гуфтаи Лаъли Шакархуча донишчуи соли сеюми факултети корхои кухи ин танхо сайри кухсор не, балки идомаи дарси амали-саҳроӣ  буд ки мутахасисони оянда бевосита бо чинсхои кухи ва коркарди маъданхо дар ҷояш андар бағали куҳсор шинос шуданд.

Азизбеки Азиззода донишчуи дигар бар он акида аст, ки ба шарофати чунин тадбирхои амали шогирдон имкон пайдо мекунанд, ки аз амалия вокиф шуда дониши назариявии худро тахким бахшанд.

Кобили зикр аст, ки геологхои оянда на танхо паси мизи донишчуйи дар Донишкадаи кухи-металлургии Точикистон, балки дар рафти машгулиятхои амали-саҳроӣ  ва тачрибаомузиҳои таълимӣ-истеҳсолӣ  омода карда мешаванд.

Зимнан, дар ояндаи наздик барои беҳтар намудани сифати таҷрибаомузӣ қитъаи замине ҷудоъ карда шавад, ки дар наздикии он падидаи ва буришҳои табии геологӣ мушоҳида карда шавад.

Мудири кафедраи геология ва корхои нафту газ, дотсент Абдумалик Олимов баён доштанд, ки дар доираи барномаи таълими барои донишчуёни ихтисоси 510101 “Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок”-и факултети корхои кухи машгулиятхои зиёди амали бо боздид аз мавзехои каторкуҳҳои Тоҷикистони шимолӣ  ва корхонахои соҳавӣ пешбинӣ шудааст.  Дар ин самт омузгорони бо тачрибаи кафедра ба шогирдон чун чароғи ҳидоят адои хизмат мекунанд.

 

Шуъбаи иттилооти