БЕҲТАРИН ШОҲМОТБОЗОНИ ДОНИШКАДА

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи агрегати  якуми НБО-и Роғун нақшаи чорабиниҳои ҷашниро тахия намуда, мавриди иҷроиш қарор дод. Аз ҷумла бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитохи чархаи  якуми  НБО-и Роғун дар баробари ҷорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ инчунин, чорабиниҳои фароғатию варзишӣ дар доираи ҷашн дар муассисаҳои таълимӣ ва корхонаю ташкилотҳо рохандозӣ карда шуданд.

Аз ҷумла дар тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бӯстон мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди шоҳмот бахшида ба санаи фарахбахш 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархи якуми НБО-и Роғун баргузор гардид. Ғолибони даври якуми мусобиқаи шаҳрӣ барои ширкат варзидан дар даври дуюм мусобиқаи шахрӣ роҳ ёфтанд. Санаи 17 ноябри соли 2018 дар боғи фархангӣ-фароғатии ба номи устод С. Айни мусобиқаи шахрӣ аз рӯи намуди шоҳмот бо иштироки ғолибони даври аввал баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур ғолибони даври аввал аз ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бӯстон фаъолона ширкат варзиданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа устодони кафедраи геология ва корҳои нафту гази ДКМТ Ибрагимов Искандар Мирзаевич ва Ибрагимов Нодирҷон Ҷамолиддинович  ҳамаи харифони худро мағлуб намуда, ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии финалӣ ҳар ду довталаб натиҷаҳои мусовиро ба даст оварда соҳиби ҷойи якум гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо медал ва ифтихорномаҳои МИХД-и шаҳри Бӯстон кадрдонӣ карда шуданд.

 

А. Садриддинов