Ба се нафар омӯзгорони донишкада дипломҳои номзадӣ супорида шуд

Дирӯз, дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба се нафар омӯзгорони донишкада Бобоев Раҳимҷон, Ашӯров Хайриддин ва Давлатов Давлатмаҳмад дипломҳои номзадиро ки аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, супорид.  Зимни супоридани дипломҳо ректори донишкада профессор Б. Маҳмадалӣ дастур дод, ки ба ҳар як нафари олимони ҷавон 10000 сомонӣ аз ҳисоби донишкада тақдим карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки ин се нафар омӯзгорон дар як рӯз рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуда буданд ва ин як навъ нишондиҳандаи рекордӣ низ дар донишкада ҳисобида шуд.

Шуъбаи иттилоот