Бахшида ба пешвози ҷашни Сада дар донишкада шанбегӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни Сада шанбегии умумидонишкадавӣ баргузор гардид. Дар шанбегии умумӣ кормандони қисми хоҷагидорӣ ва дигар кормандони донишкада фаъолона ширкат намуда, ҳавлии донишкадаро аз партовҳо ва дигар нотозагиҳо пок намуданд.
Ҳамчунин, варзишгоҳи умумӣ ва боғоти атрофи донишкада, роҳравҳои шафати донишкада низ пурра аз партовҳову алафҳои зиёдатӣ пок карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин шанбегӣ кормандони донишкада ҳамзамон хиёбони марказии шаҳрро низ ба таври пурра тоза намуда аз партовҳо холӣ карданд.