Баргузории семинари илмӣ-амалӣ оид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада

Имрӯз дар толори видеоконфронсзали донишкада семинари илмӣ- амалӣ бахшида ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рушди илмҳои дақиқ, тақвияти корҳои илмӣ, омода намудани олимони ҷавон сухан ронд.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, моҳияти онро ба ҳозирин шарҳ дод. Мавсуф, таъкид намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои миллат хеле муҳим, ҷомеа онро ҳамчун санади роҳнамо қабул намуд, ки ин аз муҳимияти ин санади барои миллат зарурӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дастгирӣ намудани олимони ҷавон, фаъол сохтани озмоишгоҳҳои мавҷударо зарур шуморида ба масъулин супориш дод.

Баъдан, дар семинари имрӯза дотсенти кафедраи экология Тиллобоев Ҳ.И. дар мавзӯи “Нақши маводи биотаҷзияшаванда дар замони имрӯз”, дотсенти кафедраи металлургия Мӯминов У.А дар мавзӯи ” Технологияи истеҳсоли металли барий бо усули алюминотермия”, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ иҷтимоӣ Атоева К. дар мавзӯи рисолаи дипломӣ, директори китобхонаи донишкада Барнохон Ӯ. дар мавзӯи” Роҳ ва воситаҳои баланд бардоштани таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни семинар мунозараи хуби илмӣ сурат гирифт, ки семинарро боз ҳам ҷолибтар гардонид.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси факултети металлургияи донишкада гузаронида шуд.