Баргузории хониши сиёсӣ таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон- омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” дар донишкада

Тибқи нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон хониши сиёсӣ таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёни бахшҳои 3 ва 4-уми факултети металлургия баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ризозода Равшан, мутахассиси пешбари раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Расулова Истамой, намояндаи Раёсати тарбияи донишкада Мирзозода Нодира иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқотро намояндаи Раёсати тарбияи донишкада Мирзозода Нодира ҳусни бахшида, қайд намуд, ки имрӯзҳо барои мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз тарафи Пешвои муаазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконияту шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст.
Сипас, масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Равшан Ризозода, раёсати кор бо занон ва оила Истамой Расулова оид ба мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” маъруза намуд, Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози андеша намуданд.
Дар охир донишҷӯён миннатдории хешро ба роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ иброз намуда, қайд карданд, ки ҳамчун мутахассис донишкадаро хатм намуда, барои пешрафти Тоҷикистон кушиши худро равона месозанд.