БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ЭНЕРГЕТИКОНИ ҶАВОН” ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Баҳри баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён, рушди тафаккури илмӣ-техникӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва омӯзиши технологияҳои муосири соҳаи энергетика дар факултети электромеханика маҳфили навбатии “Энергетикони ҷавон” баргузор гардид, ки дар он мавзуи “Системаи заряддиҳии барқии нақлиёти барқӣ” мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Маҳфилро декани факултети электромеханика профессор Қозизода К.С. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар замони муосир рушди техника ва технология ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири назаррас мерасонад. Соҳаи энергетика низ пайваста рушд намуда, истифодаи самараноки неруи барқ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва каммасраф дар соҳа ва ҳифзи муҳити зист аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Дар ин раванд нақлиёти барқӣ яке аз дастовардҳои муҳими технологӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи он барои кам гардонидани вобастагӣ аз сӯзишвории анъанавӣ ва коҳиш додани партовҳои зараровар бар ҷомеа ва муҳити атроф мусоидат менамояд.
Таъкид карда шуд, ки мақсади асосии баргузории маҳфил ин шавқманд сохтани донишҷӯён ва бо ҳамин минвол равнақ додани тафаккури техникӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар маҳфили навбатӣ мудири кафедраи таъминоти барқ Эшов З.С., роҳбари маҳфили “Энергетикони ҷавон” Ҷалолзода А.Ҷ.,
ва донишҷӯи бахши дуюми иихтисоси 36040203 Аҳматзода Ш. маъруза намуданд.
Дар рафти маҳфил маърузаҳо вобаста ба сохтор ва тарзи кори системаи заряддиҳии нақлиёти барқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки истифодаи нақлиёти барқӣ яке аз роҳҳои муҳими коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист, сарфаи захираҳои энергетикӣ ва рушди технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми маҳфил мубодилаи афкор байни омӯзгорон ва донишҷӯён сурат гирифта, маҳфилоро боз ҳам рангинтар намуд.
Шуъбаи иттилоот