Баргузории конференсияи байналмиллалӣ таҳти унвони “Технологияи инноватсионии истихроҷ ва бозкоркарди канданиҳои фоиданок “

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ -амалӣ таҳти унвони “Технологияи инноватсионии истихроҷ ва бозкоркарди канданиҳои фоиданок”  бо ширкати олимон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагии шаҳрдорӣ, намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва олимони ҷумҳурӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард ва дар бораи дӯстии миллати тоҷик ва халқи ӯзбек сухан намуда, марҳилаи нави роҳи муносибатҳоро тавсиф намуд.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар бораи роҳҳои тоза намудани обҳои нӯшиданӣ бо истифода аз технологияҳои муосир сухан ронда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Ҳамчунин, дар қисмати ифтитоҳӣ намояндаи раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимзода С.Б., муовини аввали раиси шаҳри Бӯстон Баҳодур Яқубзода суханронӣ намуда ба кори конфронс барору муваффақият таманно намуданд.
Баъдан дар кори конфронс бо маърӯзаҳои илмӣ директори Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов профессор Самадов Алишер Усманович, профессори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Розиқов Зафар Абдуқаҳорович, профессори Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов Махмудов Д.Р., дотсенти кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Самадова Гули Мирҷоновна, муовини декани факултети корҳои кӯҳии донишкада Бадалов Ҷамолиддин, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва информатика Ашӯров Хайриддин баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими соҳа ибрози андеша намуданд.

Дар интиҳо профессор Умарҷонов Абдусафо ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ баён намуд. Ҳамзамон, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ба намояндагони корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла ҶДММ КМ “Зарафшон”, КФ”Шахтаи Фон-Яғноб” ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” Сипосномаи раёсати донишкадаро барои ҳамкорӣ тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки ба конференсияи мазкур зиёда аз 100 мақолаи илмӣ аз кишварҳои Норвегия, Португалия, Белоруссия, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид гардидааст.

Қайд кардан зарур аст, ки конференсияи имрӯза бо ташаббуси кафедраҳои факултети корҳои кӯҳӣ гузаронида шуд.