Баргузории даври донишкадавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 03.02.2022сол, № АП -156, доир ба ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саросари кишвар оғоз гардида аст. Ба ин васила  санаи 29.04.202 сол дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  бо ширкати донишҷӯён ва омӯзгорон баргузор гардид. 

Дар оғози озмун директори китобхонаи илмӣ-электронӣ Танжихолова Шаҳноза Умедовна, доир ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба соҳаи маориф, илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки тибқи супориши сарвари давлат, соли чорум аст, ки озмуни мазкур, дар саросари кишвар баргузор гардида истодааст. Зикр намуд, ки мо низ бо пуштибонӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат тасмим гирифтем, имрўз даври аввали озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро дар донишкада баргузор намоем. Баъдан Аминҷонова Мавлуда Самиҷоновна н.и.п., муовини ректор оид ба корҳои тарбия мафсуф оид ба моҳияти озмуни мазкур суханронӣ намуд.

       Дар ҳайати комиссияи озмун ба ҳайси раис:

  1. Бахтиёр Маҳмадалӣ н.и.и., профессор, ректори донишкада

Аъзоёни комиссия:

  1. Насриддинов З.З., н.и.г. ва м. муовини ректор оид ба корҳои таълим;
  2. Аминҷонова М.С., н.и.ф., муовини ректор оид ба корҳои тарбия;
  3. Умарҷонов А.А., н.и.т., муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ;
  4. Тоҷибоева М. –н.и.п., мудири кафедраи Забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
  5. Осими Оқил – н.и.т., сардори раёсати таълим

Котиби комиссия:

Танжихолова Ш.У- директори китобхонаи илмӣ – электронӣ

       Сипас,  ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ» дар соли 2020 ҷоизадори ҷои дуюм, аз рўи номинатсияи адабиёти классикӣ –Осими Оқил ба иштирокчиён талабот ва шартҳои озмунро доир ба пешниҳоди ҳуҷҷат ва меъёри муқарраргардидаи осори аз ёд карда, фаҳмондадиҳӣ намуд.

Зимнан дар даври факултавии озмун 89 нафар омўзгорон-кормандон, магистрантон, докторантон ва донишҷўёни донишкада иштирок намуда, ба даври донишкадавӣ 20 нафари онҳо роҳ ёфтанд.

Иштирокчиён аз рӯи 4 номинатсия  баромад намуда, аз осори бузургон: порча аз достонҳо, шеъру ғазал,  қасида ва рубоиёт қироат намуданд.

Озмуни мазкур бо ташаббуси сохтори тарбия, кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ва  китобхонаи илмӣ-электронии донишкада ташкил ва баргузор карда шуд.

       Озмун тибқи Низомнома, ба тартиби муайяншуда оғоз гардид ва донишҷўён аз рўи номинатсияҳои:

хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷӣк

хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классики тоҷик;

хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва   

эъҷоди назму наср  баромад намуданд.