БАДХОҲОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Ҷаҳони имрӯза дар баробари муборизаи давлатҳои абарқудрат ба мавҷи амалҳои ифротгаронаи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гирифтор гардидааст. Аз ҷумла, ҳизби террористӣ-экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи наҳзати ислом бо чандин амалҳои таҳрибкоронааш исбот намуд, ки ба ҳайси як ташкилоти террористӣ мақсад дорад фазои сулҳу суботи кишварамонро халалдор созад. Ҳама динҳои олам сулҳу оромиро тарғиб менамоянд, аз ҷумла дини ислом, ки наҳзатиён онро ҳамчун ниқоби худ истифода мекунанд, аз зумраи комилтарин динҳои олам мебошад. Азбаски наҳзатиёни хиёнаткор ин динро барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, Худо хоҳад ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои ғаразноки худ нахоҳанд расид. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои замони муосир мунтазам талошҳои ҷиддӣ дорад. Хусусан Роҳбари давлат барои таъмини сулҳу оромӣ  натанҳо дар кишварамон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми сайёра мунтазам саъю талош менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ташкилотҳои террористӣ аз он ҷумла, наҳзатиён дар кирдорҳои манфури худ бештар аз камтаҷрибагӣ, ноогоҳии ҷавонон  истифода мебаранд.

 Яке аз омилҳои ба фиреб афтодани ҷавонон ин дар сатҳи паст қарор доштани зиракӣ ва дониши сиёсии онҳо мебошад. Бинобар ҳамин ҳам, имрӯз моро зарур аст, ки дар оила, дар муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳиро хубтару ҳадафрас ба роҳ монем. Бояд ба ҷавонон ҳар чӣ бештар донишҳои сиёсӣ, ҷамъиятшиносӣ дода шавад, то ин ки ҷавонон ҳодисаву воқеияти замонро дуруст дарк карда, мавқеи худро муайян карда тавонанд.

Аз ин лиҳоз, мо омӯзгорон – тарбиятдиҳандагонро лозим аст, ки  бо истифода аз лексияву сӯҳбатҳо, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ – маърифатӣ, дарсҳои тарбиявӣ  дар ҷавонон сифатҳои хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои ниёгонро ташаккул дода, онҳоро дар руҳияи ҳифзу дастовардҳои истиқлолияту дастовардҳои миллӣ, эътиқод ба миллату ватан тарбия намоем. Дар охир бояд қайд намуд, ки хушбахтона мардуми кишварамон аз самараи меваҳои истиқлол ва давлатдории навин чашида истода, шукри сулҳу субот менамоянд. Мардуми мо ҳеҷ гоҳ фирефтаи дасисаҳои ташкилотҳои ифротгаро намешаванд, зеро миллати мо ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол эътиқоди қавӣ дорад.

 

Бобоҷонов С.Н.

омӯзгори кафедраи КККФ