АХБОР.КОМ- СОМОНАИ ИҒВОГАРОНИ НАҲЗАТӢ

Чандест ки дар фазои интернетӣ  сомонаи ахбор.ком, ки таъсисдиҳандааш Мирзои Салимпур асту бештар бо Мирзоиғвои Салимпул маъруф  гаштааст,  давр мехӯрад ва ҳамарӯза хабарҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро ба нашр мерасонад, ки ин ҳам як хиёнати бузурги ин сулолаи наҳзатӣ мебошад. Салимули  авбошу  ва террористи наҳзатпарвар ба хотири он ки миллатро гумроҳу сармон созад  ва аз хоҷагонаш маблағҳои бештаре ба даст орад, ҳамарӯза як ё ду хабари бардурӯғро нашр менамояд, ки ин як сирки журналистикаи террористиро мемонад. Салимпул ҳамарӯза талош менамояд, ки як хабари сенсатсионӣ нависад ва таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб намояд, аммо мағзаш ба ин намехӯрад ва вопас мегардаду думболи  афсонаҳои бофта мегардад, то чизе нашр намояду ба хоҷагони террористи наҳзатияш ҳисобот диҳад, ки ин ҳолат кайҳо боз идома дорад.

Набояд фаромӯш кард, ки соле қабл Мирзои Салимпулро ба хотири ноуҳдабароияш ва надонистани зарфиятҳои пешаи журналистика аз ҷой кораш, яъне радиои “Озодӣ”  пеш карда буданд ва ҳамин ҳолат сабаб шуд, ки ин журналистаки наҳзатпарвар дар хизмати хоҷагони хориҷии наҳзатиён қарор гирад кабутари дасти охундҳо шавад.

Ин ки имрӯз   сомонаи ахбор.комро мебарад ва сафҳаҳои интернетиро пур аз хабарҳои бардурӯғу иғвобарангез намудааст ин як одати ҳамешагии ин тоифаи бадкеш аст. Зеро Мирзои Салимпур асло намедонад, ки вазъияти тафаккуру мағзаш дар чӣ ҳолат қарор дорад ва ҳамин қадар фаҳмидан мумкин аст, ки ҳоло ӯро бӯҳрони бесаводӣ ба таври комил мубтало сохтааст ва аз ҷониби дигар ӯро наҳзатиён чунон террористона омода намудаанд, ки вай аллакай манқурт шудаасту халос.

Пас чӣ гуна мешавад ин Мирзоиғвои Салимпулро инсони солим номид? 

Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хавфи он ки дар ҷаҳон ин шабу рӯз вазъият бисёр ногувор асту пандемияи КОВИД-2019 бисёриҳоро ба ларза овардааст, Мирзоиғво бо ахбор.комаш талош мекунад, ки бо хабару гузоришҳои сохтааш мардумро тарсу воҳимазада кунад.

Ин ҳам дар шароите, ки дар кишвари мо хушбахтона ин маризӣ ба назар гирифта нашудааст ва ягон ҳолати мубталошавӣ ба пандемия КОВИД-2019 ба қайд гирифта нашудааст дар қаламравӣ кишвар ин Мирзои Салимпул овоза паҳн мекунад ва хабарҳои бардурӯғро нашр месозад, то мардумро ваҳмзада намояд. Пас куҷои ин нафари бемағзро мешавад таъриф карду ин авбоши наҳзатиро инсон ё худ ақаллан журналисти солим ҳисобид?

Сомонаи ахбор. Ком ягона сомонаест, ки хабарҳои бардурӯғ ва иғвобарагезро нашр мекунад ва ҳамчунин ин ахбор . ком ягона порталест, ки ягон меъёри журналистикаро риоя наменамояд ва хабарҳои бардурӯғу бофтаю сохтаро нашр месозаду ҷавобгарияшро фаромӯш менамояд. Зеро тибқи маълумотҳои ба даст омада ин сомона ягон хабари дуруст ва саҳеҳро то ба имрӯз нашр накардааст ва ҳамаи хабару гузоришҳояш низ ба хотири гумроҳ намудани мардум офарида шудаасту халос. Пас баста шудани ин сомонаи манфурону манҳусони наҳзатӣ беҳтарин иқдом аст ва хуб шуд, ки ин сомонаи ба ном хабариву дар асл тарғибкунандаи идеологияи террористӣ баста шуд.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ