АЗ БАҲРИ НӮШ НЕШ ЗИ ЗАНБӮР МЕХУРАМ…..

Воқеаҳое ки дар Тоҷикистон  рух доданд- истиқрори сулҳ, бозгашти гурезагон ва зуҳури ваҳдати миллӣ дар масири таърих ҳамто надорад. Ин ҳақиқатро бояд иқрор кард. Албатта дар ин маврид муаррихон андешаи худро иброз медоранд.

Шеваи раҳбарӣ ҳоло тунд гардидааст ва ин бесабаб нест. Тақозои замон чунин аст, ки пиру барно ба пешаи худ содиқ бимонанд, хиште ба хишти истиқлолият гузоранд.

Дар ҳамин марҳила барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳушёрии сиёсӣ ва фарҳанги муколама лозим аст, то дӯстро аз душман фарқ карда тавонад.

ТТЭ ҲНИ ба дасисаҳои худ дур намеравад. Паймонаи паймони миллӣ ҳам пур мешаваду боз лабрез аз хуни ноҳақ. Аз ин хотир, дар сафи мо барои хоини  миллат ва ватанфурушон ҷой нест.

Мо як Ватан дорем ва онро хоса сулҳу суботро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунем.

Шуҳрати Мирбобо,

омузгори ДКМТ