Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз дар қабати дуюми бинои асосии донишкада қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи бахши якуми факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ  Қодиров Искандар низ ширкат намуд.  Ҳамчунин дар қабули донишҷӯ декани факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ Саидов Мустафохон ширкат намуд. 

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯ чанд машварат ҷиҳати омӯзиши илмҳои техникӣ ва расидан ба муваффақият дар соҳаи илм дода, сипас пешниҳод намуд, ки дар хобгоҳи донишҷӯён агар лозим донад истиқомат намояд, чунки дар ин ҷо тамоми шароит муҳайё карда шудааст.  Донишҷӯ Қодиров И. аз машварати ректор хеле сипосгузор гардида, ҷиҳати ғамхорӣ ва дареғ надоштани вақти хеш изҳори миннатдорӣ баён карда, ваъда дод, ки бо баҳои хубу аъло хонда дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат меварзад.