Сардори шуъбаи иттилоот М. Саидов
телефон: 99 500 21 88
Фаъолияти шуъба
Шуъбаи иттилоот аз соли 2019 тибқи сохтори нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолияташро ба роҳ мондааст.
Шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба шумор рафта, фаъолияташро дар заминаи қонунгузории ҷорӣ, фармоишҳои Ректори Донишкада, низомномаи шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои Донишкада, факултетҳои он, васоити ахбори оммаи ватанӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бевосита бо ВАО сару кор доранд, пеш мебарад.
Яке аз вазифаҳои асосии шуъба ин пешниҳоди мақолаҳо, изҳороту вокунишҳо ба рӯзномаҳои кишвар, инчунин, дар маҷалла, рӯзнома ва сомонаи Донишкада дар мавзуҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми Меҳан, тарғиби ҳадафҳои созандаю бунёдкориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар роҳи худшиносии миллӣ ва суботи доимии ҷомеа мебошад. Тарғиби фарҳанги илмомӯзиву меҳандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба илму маориф, касбомӯзӣ ва саҳмгузорӣ дар роҳи ободиву созандагӣ дар Ватан аз вазифаҳои аввалини шуъба мебошад.
Шуъбаи иттилоот хабару гузоришҳо ва мақолоту навгониҳоро ҳамарӯза дар сомонаи Донишкада ва саҳифаи иҷтимоӣ ба нашр мерасонад.
