Шуъбаи илм ва инноватсия

Сардори шуъба: Шербоев Муродҷон  Ашуралиевич

Таҳсил: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи федеролии Қазон (Россия)

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва  англисӣ

Тел: +992 93 355 9500, +992 98 881 6208

Email: ashuralizoda.91@gmail.com

Суроғаи корӣ: Бинои 2, утоқи №9

 

Ному насаб: Қодирова Маҳинахон Валиевна

Таҳсил: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва  англисӣ

E-mail: valizodamahina88@mail.ru

 

Шуъбаи илм ва инноватсия яке аз сохторҳои асосии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, фаъолияти илмии магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)-ро ба роҳ мемонад.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон, фармоишҳои ректори донишкада, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.

Ҳадафҳои асосии шуъба:

  • Ҳамоҳангсозӣ, таъмин, таҳлил, ва дастгирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди фаъолияти инноватсионӣ дар донишкада, ҷорӣ намудани маҳсулоти инноватсионии донишкада дар амалия.

Вазифаҳои асосии шуъба:

  • муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантон аз рӯи ихтисос, магистрантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишкада;
  • ташкил ва баргузории конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
  • ташкили табъу нашри маҷмӯъаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва таълимгирандагони донишкада;
  • ташкили корҳои иктишофӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ;
  • ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • рушди ҳамкориҳои илмӣ бо донишгоҳҳои пешрафта, марказҳои илмӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳо бо мақсади таҳкими равандҳои ҳамгироии таълим ва илм, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
  • назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон) ва унвонҷӯён;
  • назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишкада, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии ҳайати профессорону омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён;
  • назорати фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронии муассиса;
  • мусоидат дар ҷалби қарордодҳо ва грантҳои илмӣ, фондҳо ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи илм;
  • идоракунии моликияти зеҳнӣ ва дигар натиҷаҳои фаъолияти инноватсионии донишкада;
  • дар якҷоягӣ бо раёсати донишкада мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорон, таълимгирандагон ва унвонҷӯён.

Зерсохторҳои шуъба:

  • шуъбаи магистратура ва аспирантура
  • китобхонаи ананавӣ ва электронӣ
  • маҷаллаи Паёми донишкада

Лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмиллалӣ:

  • Лоиҳаи ҳамоҳангсозии об-Евразия 2

Муҳлати иҷроиш: 2019-2021

Роҳбари лоиҳа: д.и.т. Розиқов З.А.

Ташкилоти маблағгузор: Агентии Норвегия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ

  • Лоиҳаи мукаммалгардонии бакалавриат аз рӯи ихтисоси 42010104-металлургияи металҳои ранга дар асоси стандартҳои Ташаббуси байналхалқии CDIO

Муҳлати иҷроиш: 2019-2021

Роҳбари лоиҳа: н.и.т. Умарҷонов А.

Ташкилоти маблағгузор: Бонки ҷаҳонӣ

  • Барномаи аврупоии Эразмус+

Муҳлати иҷроиш: 2017-2021

Роҳбари барнома: н.и. минерологӣ-геологӣ Насриддинов З.З.

Ташкилоти маблағгузор: Иттиҳоди Аврупо

Лоиҳаҳои ватанӣ:

  • Технологияи инноватсионӣ дар самти коркарди байни қатору токзор бо узвҳои кории пассивӣ

Муҳлати иҷроиш: 2020-2021

Роҳбари лоиҳа: д.и.т. Буҳодуров Ш.Б.

Ташкилоти маблағгузор: Фонди президентии таҳқиқотии бунёдӣ

 

Ҳайати кормандони шуъба:

  • Сардори шуъба
  • Мутахассиси шуъба